ҲИФЗ ВА СИЁНАТ (#14632)

Илоҳо, Маъбудо, Масҷудо! Қудрaтатро қудрати ибод манъ манамуд. Амратро бо қалам нусрат намудӣ ва ба Исми Аъзам даъват фармудӣ. Аз фазли азим ва карами амимат масъалат менамоем, ин ибодро аз шарри ноақин ҳифз фармоӣ, ки шояд мисли ҳизби қабл ба авҳом олуда нашавем. Эй Қадир, муқбилинро аз каъси яқин қисматe ато фармо ва аз анвори найири иқон маҳрум манамо. Иннака Антал Муқтадирул Алимул Ҳаким

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ҲИФЗ ВА СИЁНАТ (#14633)

Илоҳо, Маъбудо, Мақсудо! Ба камоли аҷз ва ибтиҳол аз Ту масъалат менамоям, ин абдро аз шарри ноақин ҳифз фармоӣ, ва аз зилли Сидраи Мунтаҳо ва сарири Қалами Аъло маҳрум насозӣ. Ашҳаду иннал ювмака вал амр амрик. Асъалука ба сиротикал мустақим ва набаикал азим ан туаййидани ало мо юрфаъу беамрика байна ибодик. Иннака Антал Муқтадирул ало Моташоъ. Ло Илоҳа илло Антал Муҳайминул Қайюм.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ҲИФЗ ВА СИЁНАТ (#14634)

Илоҳо, Маъбудо, Масҷудо, Каримо, Раҳимо! Ту Огоҳӣ ва Доноӣ, ки ин ибод лаолии муҳаббататро дар хазоини афъида ва қулуб ба Исмат ҳифз намуданд. Ҳол аз Ту металабем ва масъалат менамоем, моро аз сориқин ва хоинин ҳиросат намо ва ҳифз фармо. Туӣ Қодир ва Тавоно.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ҲИФЗ ВА СИЁНАТ (#14635)

Илоҳӣ, Илоҳӣ! Ин абдро аз шарри нафс ва ҳаво ҳифз фармо, ва ба нури бирр ва тақво музайян дор. Эй Молики ман! Мамлукат Туро зикр менамояд ва лозол басараш мунтазири иноёти ло ниҳояи Ту буда ва ҳаст. Пас боз кун боби раҳмататро, ва қисмате ато фармо, ин абди мутамассикатро. Аз як калимаи улё олами вуҷудро мавҷуд фармудӣ, ва ба анвоъи моида ва неъмат ва олои лотуҳсо музайян доштӣ. Туӣ Бахшанда ва Тавоно.  Ло Илоҳа илло Антал Алиюл Абҳо.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ҲИФЗ ВА СИЁНАТ (#14636)

Бигӯ: Эй Оқои ман, ва Мавлои ман, ва Падидоварандаи ман! Суол мекунам аз дарёи бахшиши Ту, ки ин ниҳоли навраста дар бӯстони муҳаббати Худро аз Кавсари Ҳаявон бинӯшон, ва аз арёҳи хариф ҳифзаш намо. Туӣ Тавоно ва Туӣ Доно. Эй Худои ман! Ба Ту рӯй овардам ва Туро зикр менамоям, ва ба муборакии Исмат аз дунат фориғ ва озодам. Эй Худо! Ба Ту нозирем ва аз Ту металабем зоҳир кун аз мо он чиро, ки сазовори Ту ва айёми Ту аст. Туӣ Атокунанда ва Бахшанда.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ҲИФЗ ВА СИЁНАТ (#14637)

Ба номи Худованди Якто! Илоҳо, Каримо, Раҳимо! Шаҳодат медиҳам ба ваҳдоният ва фардонияти Ту, ва ба ин, ки аз барои Ту шибҳ ва мисле набуда ва нест. Ҷудат олами вуҷудро мавҷуд фармуд ва карамат умамро ба Исми Аъзам роҳ намуд. Баъзе ба васвоси ханнос аз дарёи раҳматат маҳрум гаштанд ва бархе аз таҷаллиёти офтоби ҳақиқат мунаввар шуданд. Эй Карим, аз Ту омурзиши қадиматро металабам ва раҳмати амиматро меҷӯям. Ин абдро ҳифз намо, аз шубаҳоти нуфусе, ки эъроз намуданд ва аз дарёи илмат мамнуъанд. Илоҳӣ, Илоҳӣ! Аҳфиз абдика бе ҷудика ва карамика мин шарри аъдоикал лазина нақазу Аҳдика ва Мисоқик. Ай Раббӣ, ло тамнаъани ан раҳиқикал махтум. Сумма айидни алал истиқоматил кубро ли алло тамнаанӣ амоими ибодика анил тақарруби илайк. Иннака Антал Муқтадиру ало Моташо, ва фи қабзатика замоми ман фил самовоти вал аразин.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ҲИФЗ ВА СИЁНАТ (#14638)

Эй Парвардигори ман! Аз Ту суол менамоям, ба дидаи ҳамешабедори Ту, ки дидагони маро аз нигоҳ ба сӯи дигаре, ҷуз Ту, ҳифз намоӣ. Сипас нури онҳоро барои мушоҳидаи осори Худ ва дидани Уфуқи Зуҳури Худ бияфзоӣ. Туӣ Оне, ки ҷавҳари қудрат дар назди зуҳурҳои қудрати Ту нотавон гардид. Нест Худое, ҷуз Ту, Қавӣ ва Ғолиб ва Номаҳдуд.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ҲИФЗ ВА СИЁНАТ (#14639)

Илоҳӣ, Илоҳӣ! Сироҷи Амратро ба дуҳни ҳикмат барафрӯхтӣ, аз арёҳи мухталифа ҳифзаш намо. Сироҷ аз Ту, зуҷоҷ аз Ту, асбоби осмон ва замин дар қабзаи қудрати Ту. Умароро адл иноят фармо ва уламоро инсоф. Туӣ Он Муқтадире, ки ба ҳаракати қалам Амри мубраматро нусрат фармудӣ ва авлиёро роҳ намудӣ. Туӣ Молики қудрат ва Малики иқтидор. Ло Илоҳа илло Антал Азизул Мухтор.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ҲИФЗ ВА СИЁНАТ (#14641)

Иннаҳу ла Ҳувал Муқтадирул Мухтор!
Ё Моликал – асмо ва Фотирас – само!  Халлис аҳиббо Мин сиҷнел аъдо Иннака Султонул қазо Вал Мушриқул мин уфуқил бадо Ё аслал бақо Ле aмрил Баҳо  Ло тақтур раҷо  Фансур ҳоуло  Антал Ҳокиму ало моташо Ва фи қабзатика Малакутил Иншо Қад шаҳазал анёб Лилаҳмил аҳбоб Ан эҳфазел aсҳоб Ё Молик ар рақоб  Вал Ҳокиму фил маъоб  
*( Ӯст Муқтадир ва Мухтор Эй Молики исмҳо ва Офарандаи осмонҳо! Халос намо аҳибборо Аз сиҷни душманон Туӣ Султони қазо Ва Тобанда аз уфуқи офариниш Эй Асли  бақо Қасам ба умри Баҳо Ноумед нанамо онҳоро Балки кумак ва ёрӣ деҳ Дар ҳақиқат Ту Ҳокими ба он чӣ хоҳӣ Ва дар қабзаи Ту олами офариниш Дандонҳои душманони Ту омодаи газидан Гушти ошиқонатро Ҳифз намо ин ҳамроҳонро Эй Молики ҳамаи инсонҳо Ва Оне Ки ҳукм мекунӣ дар Рӯзи Қиёмат.)

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ҲИФЗ ВА СИЁНАТ (#15647)

Эй Худои ман! Ба Ту руй овардам ва Туро зикр менамоям, ва ба муборакии Исмат аз дунат фориғ ва озодам. Эй Худо! Ба Ту нозирем ва аз Ту металабем зоҳир кун аз мо он чиро, ки сазовори Ту ва айёми Ту аст. Туӣ Атокунанда ва Бахшанда.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ҲИФЗ ВА СИЁНАТ (#14488)

Эй Парвардигори меҳрабон! Шарқ дар хаяҷон аст ва Ғарб дар мавҷи бепоён. Нафаҳоти қудс дар интишор, ва анвори Шамси Ҳақиқат аз малакути ғайб зоҳир ва ошкор. Тартили оёти тавҳид аст, ва тамаввуҷи роёти таҷрид. Бонги суруш аст, ва наҳанги маҳвият ва фано дар хурӯш. Аз ҳар карона фарёди: «Ё Баҳоул Абҳо!» баланд ва аз ҳар тараф нидои: «Ё Алиял Аъло!» муртафеъ. Валвалае дар ҷаҳон нест, ҷуз ғулғулаи ҷилваи Дилбари Якто ва зилзилае дар олам на, ҷуз эҳтизози муҳаббати Маҳбуби беҳамто. Аҳиббои илоҳӣ дар ҷамеъи диёр бо нафаси мушкбор чун шамъ равшананд ва ёрони раҳмонӣ дар ҷамеъи ақолим монанди гулҳои шукуфта аз тарфи чаман, даме наёсоянд ва нафасе барнаёранд, ҷуз хидмати Амри Ту. Чаманистони ҳақиқатро булбули хушилҳонанд, ва гулистони ҳидоятро шукуфаҳои муаттари бадиул алвон. Хиёбони ҳақоиқро тарроҳии гулҳои маъонӣ намоянд, ва ҷӯйбори ҳидоятро монанди сарви равон биёроянд. Уфуқи вуҷудро нуҷуми бозиғанд, ва матолеъи офоқро кавокиби ломеъ, мазоҳири таъйиданд ва машореқи нури тавфиқ. Эй Худованди меҳрабон! Куллро собит ва мустақим бидор ва илал абад сотеъ, ва ломеъ, ва пуранвор кун, то ҳар дам аз гулшани иноят насиме вазад, ва аз ями мавҳибат шабнаме расад. Рашаҳоти саҳоби муҳаббат тароват бахшад, ва нафаҳоти гулшани ваҳдат машомҳо муаттар кунад. Эй Дилбари офоқ, партави ишроқе! Эй Маҳбуби ҷаҳон, ҷилваи ҷамоле! Эй Қавии Қадир, ҳифз ва амоне! Эй Малики вуҷуд, зуҳури қудрат ва султоне! Эй Худованди меҳрабон! Дар баъзе булдон аҳли туғён дар ҳавҷ ва мавҷанд, ва муҳаррикини беинсоф шаб ва рӯз дар эътисоф. Золимон чун гург дар камин, ва ағноме мазлум ва бе носир ва муъин. Ғизолони барри ваҳдатро киллоб дар пай, ва тазарвони куҳсори ҳидоятро ғуробони ҳасад дар ақиб. Эй Парвардигор! Ҳифз ва ҳимоят фармо. Эй Ҳофизи Ҳақиқӣ! Сиёнат ва ҳимоят кун. Дар паноҳи Хеш маҳрус дор ва ба авни Худ аз шурур масун бидор. Туӣ Ҳофизи Ҳақиқӣ ва Ҳориси Ғайбӣ ва Нигаҳбони Малакутӣ ва Меҳрабони Осмонӣ.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ҲИФЗ ВА СИЁНАТ (#14489)

ҲУВАЛЛОҲ! Эй Яздони Меҳрубон, ёронат бесар ва сомонанд ва дӯстонат асир дар дасти авонон аз ҳар тараф тир ва синоне ва аз ҳар шахсе захме беамон. Бо вуҷуди ин саргаштаи кӯи Туанд ва ошуфтаи мӯи Ту ва дилдодаи рӯи Ту. Ҳар балоеро вало донанд ва ҳар дардеро дармон шумуранд. Ғул ва занҷирро тоҷ ва сарир ёбанд ва зиндонро айвони бепоён донанд. Ба куллӣ ҷoнфишонанд. Эй Худованд, ҳушмандонро бинавоз ва ҳамдам ва ҳамрози Абдулбаҳо соз, то кулл ҷону дил дар каф гирифта нисори даргоҳи Ту намоем, ва рӯи Ту ҷӯем, ва ба кӯи Ту пай барем, ва рози Ту гӯем. Туӣ Муқтадир ва Тавоно, ва Воқиф ва Бино.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ҲИФЗ ВА СИЁНАТ (#14490)

Ҳуваллоҳ! Эй Дилбари офоқ, шукр туро, ки дида ба дидорат равшан гардид, ва дилу ҷон аз нафаҳоти қудсат ғибтаи гулзор ва чаман шуд. Нафаҳоти унс мурур ёфт ва нафасоти Руҳулқудус мунташир шуд. Ҷон ба ҷонон расид ва дил роҳ ба боргоҳ ёфт, ва ба сирри макнун ва рамзи масун огоҳ шуд. Эй Парвардигор, дар савни ҳимоят маъво деҳ ва дар каҳфи иноят малҷаъ ва паноҳ бахш. Эй Меҳрубон, агар бинавозӣ, ҷавҳари вафо ва ҳақиқати атост, ва агар бигудозӣ, аҳли хато муставҷиби азоб ва ҷафост. Он чӣ шоёни остонаст, ройгон фармо ва он чӣ лоиқи ҳақоиқ аст, арзон кун. Залилеро ба сирфи мавҳибат азизи малакут фармо, ва ҳақиреро ба ниҳояти раъфат мазҳари файзи лоҳут намо.  Эй Парвардигор, ҳифз кун, сиёнат фармо, то қадам налағзад ва ба асфали дараҷот нарасад. Туӣ Муқтадир ва Азиз ва Тавоно ва Туӣ Олим ва Бино ва Доно. Иннака Антал– Ғафур– ур– Раҳим.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ҲИФЗ ВА СИЁНАТ (#14491)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигори меҳрубон! Ин нуфус нидои Малакут шуниданд ва анвори Шамси Ҳақиқат диданд ва дар фазои ҷонфазои муҳаббат париданд. Ошиқони рӯи Туанд ва мунҷазибони хӯи Ту, ва орзуманди кӯи Ту ва мутаваҷҷеҳ ба сӯи Ту, ва ташнаи ҷӯи Ту ва машғул ба гуфтугӯи Ту. Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Меҳрубон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ҲИФЗ ВА СИЁНАТ (#14492)

Ҳувалабҳо! Эй ёрони Илоҳӣ, дасти тазарруъ ва ниёз ба соҳати қудси Худованди Беанбоз баланд кунед ва муноҷот кунед, ки Эй Худованди бемонанд, мо бандагони хоксорем ва Ту Бузургвор. Гунаҳкоронем ва Ту Омурзгор. Асир ва фақир ва ҳақирем, ва Ту Муҷир ва Дастгир, мурони заъифем ва Ту Сулаймони пурҳашамати сарири фалаки асир, маҳзи фазл, ҳифз фармо ва савн ва авни Хеш дареғ мафармо. Худоё, имтиҳонат шадид аст ва ифтитонат ҳодими бунёди зубури ҳадид. Моро ҳиросат кун ва қувват бахш. Масрур фармо, шодӣ деҳ ва чун Абдулбаҳо бар убудияти остон муваффақ намо.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ҲИФЗ ВА СИЁНАТ (#14493)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, аҳли Баҳоро дар ҳар мавриде танзеҳ ва тақдис бахш ва аз ҳар олудагӣ покӣ ва озодагӣ ато кун. Аз иртикоби ҳар макруҳ наҷот деҳ ва аз қуюди ҳар одат раҳоӣ бахш, то пок ва озод бошанд ва тайиб ва тоҳир гарданд. Сазовори бандагии остони муқаддас шаванд ва лоиқи интисоб ба Ҳазрати Аҳадият.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ҲИФЗ ВА СИЁНАТ (#14494)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Дардмандонро дармон кун ва ҳушмандонро маҳрами айвон. Уфуқи иллийинро ба нури мубин равшан намо, ва соҳати дилҳоро рашки гулзор ва гулшан кун. Ҳар як аз аҳибборо наҷми ҳудо намо, ва ҳар як аҳли вафоро кавкабе сотеъ дар уфуқи аъло. Ниҳолҳои ҳадиқаи раҳмониятро тароват ва латофат бахш, ва наврасидагони боргоҳи aҳадиятро сабоҳат ва малоҳат деҳ. Бандагони деринатро анвори илийин фармо, ва озодагони қадимро шаҳриёрони иқлими наъим кун. Рӯяшон барафрӯз, ва хӯяшонро мушки ҷон фармо, ва офоқро муаттар ва муанбар намо, дасташон яди байзо намо ва лафзашон луълӯи лоло, бурҳонашон суъбони мубин кун ва далелашон сануҳоти илийин. Заҳирашон шадидулқуво кун ва насирашон ҷунуди Малакути Абҳо.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ҲИФЗ ВА СИЁНАТ (#14495)

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигор! Бечорагонем, ба даргоҳи Ту паноҳ овардаем. Парешони рӯзгорем, дар боргоҳи Ту сар ва сомон ҷӯем. Афтодагонем, алтофи Туро нигаронем. Моро бар Аҳд ва Мисоқи Хеш собит ва мустақим фармо ва аз саҳоми шубаҳот маҳфуз дор ва дар зилли сaвн ва ҳимояти  Хеш ҷой деҳ ва аз имтиҳон ва ифтитон моро масун дор. Туӣ Муқтадир ва Тавоно.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ҲИФЗ ВА СИЁНАТ (#14496)

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигори беанбоз! Муқаддас ва Муназзаҳ, Раҳими ва Меҳрабон, Муҷири ва Дастгир. Ин бечорагонро дар паноҳи Худ манзил деҳ,  ва ин афтодагонро дар каҳфи ҳифз ва ҳимояти Хеш аз шарри аҳли нифоқ маҳфуз дор. Антал Ҳофизул Муқтадирул Азиз– ул Қадир.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ҲИФЗ ВА СИЁНАТ (#14497)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин бандагонро дар зилли шаҷараи иноят малҷаъ ва паноҳе бахш ва бар ҳақиқати асрорат огоҳӣ деҳ. Бар Аҳд ва Мисоқат собит ва маҳкам бидор ва бар паймон ва имонат устувор фармо, чӣ ки арёҳи ифтитон шадид аст ва сарсари имтиҳон ғуборангез. Худоё собит бидор, Худоё нобит кун, Худоё маҳфуз ва масун дор, ва маҳзуз ва маъмун бинамо. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Ҳофизи Беназир ва Ҳамто.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ҲИФЗ ВА СИЁНАТ (#14498)

Ҳувалабҳо! Эй Маҳбуби Якто, Эй Мақсуди беҳамто! Авн ва иноят фармудӣ, ва савн ва ҳимоят намудӣ. Бечораеро муъин ва заҳир гаштӣ, ва афтодаеро муҷир ва дастгир. Ситоиш ва ниёш Туро сазовор, ки Бузургворӣ, ва Муин ва Муҷири ҳар некукор. Эй Парвардигор! Маро собит бидор, то дар сабилат далели мутаҳаййирин гардам ва дар тариқат ҳодии ҳар толиби калил. Туӣ Муқтадир ва Тавоно.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ҲИФЗ ВА СИЁНАТ (#14499)

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди меҳрабон! Мо асири доми ҳавоем ва ҳақир дар дасти авҳом. Аҷзи сирфем ва фақри баҳт. Нотавонем ва нодон. Парешонем ва бесомон. Мустамандем ва бепайванд. Уфтодаем, бечораем. Туӣ Яздони меҳрабон. Раҳме кун, фазле бинамо. Ҷуде кун, афве бифармо. Таъйиде мабзул дор ва тавфиқе эҳсон кун, то ба қуввати Ту ба хидмат пардозем; мутеъи Амрат шавем ва мунқоди ҳукмат гардем. Дил ба нори муҳаббатат афрӯзем ва чун парвона ҳавли шамъи мавҳибат болу пар сӯзем. Дида аз ғайри Ту дӯзем ва таваҷҷӯҳ ба Остони Муқаддасат андозем, то он ки дар Анҷумани Малаъи аълоят бо рухе тобон ва ҷабине мубин ва қалбе тобнок ва руҳе мустабшар мабъус гардем. Туӣ Қодир ва Тавоно ва Туӣ Олим ва Доно.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

